Ба иттилои ҳукумати Қазоқистон, ҳаҷми умумии шакаре, ки акнун ин кишвар аз Русия дарёфт мекунад, 220 ҳазор тоннаро ташкил хоҳад дод.
Ин созиши пешакӣ 17 май дар ҷараёни мулоқоти муовини сарвазири Қазоқистон Серик Жумангарин бо муовини раиси ҳукумати Русия Алексей Оверчук дар шаҳри Қазон ҳосил шудааст.
Қарор аст, ин масъала 29 май дар ҷаласаи Шӯрои Комиссияи иқтисодии Авруосиё, ки ба ҷуз аз Русия ва Қазоқистон, Белорус, Қирғизистон ва Арманистон ҳам узви онанд, баррасӣ шавад.
Ҳукумати Русия 3 май содироти шакарро то 31 августи имсол манъ кард. Аммо Маскав гуфт, барои Қазоқистон 120 ҳазор тонна шакар хоҳад дод.
Қаблан Остона гуфта буд, ки шакари захирашуда дар анборҳои Қазоқистон то ҷамъоварии ҳосили нав мерасад, вале баъдтар масъалаи афзоиши содироти онро аз Русия матраҳ кард.