Хабаргузории "Газете.uz" бо истинод ба хадамоти матбуотии додгоҳҳои пойтахти Узбекистон хабар дода, ки Султонов 10 сол ва мудири фурӯшгоҳи мошини "Navoiy Avtosavdo" Ниёз Ибодов 4 сол аз озодӣ маҳрум шуданд.
Бино ба маводи парванда, Ниёз Ибодов гӯиё мехостааст, бо кумаки Султонов саҳмияҳои ҷиянаш Сардор Ғаффоровро дар "Navoiy Avtosavdo" аз худ кунад.
Ин ду нафар дар ҷараёни боздоштҳои дастаҷамъӣ дар Узбекистон, ки моҳҳои ноябр ва декабри соли гузашта таҳти унвони "40 рӯзи зарбдор" сурат гиифтанд, дастгир шуда буданд.