Ин кишвар дар моҳи марти соли равон аз нигоҳи фурӯши тило миёни кишварҳои ҷаҳон дар мақоми аввал қарор гирифт. Бино ба гузориши Шӯрои ҷаҳонии тилло, Тошканд дар давоми як моҳ 11 тонна дороии стратегии худро фурӯхтааст.
Ягона кишваре, ки дар раддабандии мазкур ба Узбекистон наздик аст, Тайланд мебошад. Он дар моҳи марти имсол 10 тонна тилоро фурӯхтааст.
Ба гуфтаи таҳлилгарон, вобастагии рӯзафзуни Узбекистон аз фурӯши тилло баёнгари он аст, ки ин кишвар ҳанӯз ҳам бо мушкилоти иқтисодӣ рӯбарӯ буда, дар як ҳолати бунбаст қарор дорад.
Смайл Оспанов, як мансабдори пешини Узбекистон, ки ҳоло муқими Амрико аст, мегӯяд, болоравии қимати тило ба ҳукумати кишвараш кумак мекунад, то касри буҷаро рӯйпуш кунад. Вай афзуда, ки Узбекистон ҳоло асосан тило содир мекунад ва то ҳол натавонистааст ба иқтисоди худ гуногунрангӣ бахшад.
Узбекистон дар соли 2023 бо содир кардани 25 тона тило дар мақоми дувуми кишварҳои содиркунандаи тило ҷо гирифта буд.