Вазорати корҳои хориҷии Испания тасдиқ кард, ки дар натиҷаи ҳамлаи 17 май дар Афғонистон се сайёҳ - шаҳрвандони ин кишвар кушта ва як тани дигар захмӣ шудааст.
Намояндаи Вазорати корҳои хориҷии ҳукумати Толибон дар Афғонистон Абдулматин Канӣ гуфт, баъди ҳамлаи мазкур чаҳор кас дастгир шудааст.
Ба гуфтаи ӯ, дар натиҷаи ҳамла дар баробари се сайёҳи хориҷӣ як шаҳрванди Афғонистон низ кушта ва чаҳор хориҷиву се афғонистонии дигар захмӣ шудааст.
Шаҳри Бомиён, маркази маъмурии вилояти Бомиён ба феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО шомил аст. Ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангии он, аз қабили қалъаи Бомиён ва муҷассамаҳои Буддо, ки соли 2001 аз ҷониби Толибон тарконида шуда буданд, диққати сайёҳони хориҷиро ба худ ҷалб мекунад.