Ба иттилои Вазорати адлияи ИМА шаҳрванди Узбекистон Султон Нуриев моҳи феврали соли 2022 ба Амрико рафтааст. Марзбонони Амрико ҳангоми санҷиш аз телефони ӯ акси кудакони урёнро пайдо кардаанд.
Дертар маълум шудааст, ки ӯ ин аксҳоро ҳангоми дар Узбекистон буданаш дарёфт кардааст. Нуриев дар шабакаҳои иҷтимоӣ худро писарбачаи 12-сола муаррифӣ ва аз духтарони ноболиғ талаб мекардааст, ки ба ӯ аксҳои урёнашонро фиристанд.
Додситонии Флорида иттилоъ дода, ки Султон Нуриев 26 сентябри соли 2023 дар додгоҳ гунаҳкор будани худро тасдиқ кард. Бо кадом сабаб рафтани ӯ ба Амрико гуфта намешавад.
Нуриев 19 сол аз озодӣ маҳрум шуда, боқии умрро таҳти назорат мегузаронад.