Ба гуфтаи эътирозгарон, қудратиҳое, ки роҳро баста буданд, "беш аз панҷ дақиқа" нагузоштанд, то мошини "Ёрии таъҷилӣ"-ро ба назди бемор равад.
"Имрӯз, 20 май дар Кулсара аллакай як зан аз ҳуш рафт. Нозирони роҳ мошини "Ёрии таъҷилӣ"-ро нагузоштанд, ки сари вақт ба назди ӯ бирасад", - изҳор доштааст яке аз занони норозӣ дар наворе, ки дастраси бахши қазоқии Радиои Озодӣ шуд.
Сокинони Кулсарии Қазоқистон, ки дар пайи обхезиҳои ахир аз ҳама бештар зарар дидаанд, беш аз 5 рӯз мешавад, дар эътироз ба ҳаҷми ҷуброни мақомот барои хонаҳои худ тазоҳурот мекунанд. Онҳо талаб доранд, ки ҳукумати Қазоқистон барои ҳар метри мураббаи манзилашон 400-ҳазортангаӣ пардозад. Мақомоти маҳаллӣ барои ҳар метри мураббаи манзилҳои зериобмонда аз 200 то 240-ҳазортангаӣ пешниҳод кардааст.
Тазоҳургарон ҳамчунин талаб доранд, ки пули ҷубронро на ба ширкатҳои сохтмонӣ, балки мустақиман ба худи онҳо диҳанд.