Ссылки доступа

Пулиси Бишкек се касро бо гумони ҳамла ба хобгоҳи хориҷиҳо дастгир кардааст


Пулиси шаҳри Бишкеки Қирғизистон хабар додааст, ки се нафарро бо гумони ҳамла ба як ҳостел дар кӯчаи Огонбоева дастгир кард.

Ба огаҳии пулис, гумонбарон 18 ва 19 сол дошта, ба "Авбошӣ" муттаҳам мешаванд.

Бино ба фарзияи пулис, як гуруҳ аз ҷавонони маҳаллӣ шаби 13 май дар маҳаллаи "Шарқ-5"-и Бишкек бо донишҷӯёни хориҷӣ рӯбарӯ шуда, аз онҳо сигарет пурсидаанд. Дар натиҷа миёни онҳо занозанӣ рух дода, донишҷӯёни хориҷӣ тавонистаанд ба самти хобгоҳи худ дар кӯчаи Огонбоева фирор кунанд.

"Ҷавонони маҳаллӣ, ки донишҷӯёнро таъқиб мекарданд, вориди хобгоҳ шуда, бошандагонро латтукӯб ва пулу ашёи онҳоро гирифтаанд. Донишҷӯёни хориҷӣ низ талош кардаанд, ҳамлагаронро берун кунанд. Дар натиҷа миёни онҳо занозанӣ рух додааст.

Пулиси Бишкек 13 май се донишҷӯйи мисриро бо гумони авбошӣ боздошт карда буд.

Дар пайи нашри видеои занозании 13 май дар ҳостел гурӯҳе аз сокинони Бишкек шаби 17 май алайҳи донишҷӯёни хориҷӣ эътироз карданд ва ба хобгоҳи онҳо ҳамла карданд.

XS
SM
MD
LG