Дар ин бора хадамоти матбуотии президенти Қазоқистон хабар додааст.
Сенати порлумони Қазоқистон ин созишномаро 25 апрели соли равон тасвиб карда буд.
Созишномаи муносибатҳои ҳампаймонии Тошканду Остонаро президентҳои Қазоқистон ва Узбекистон -- Қосимҷомарт Тоқаев ва Шавкат Мирзиёев 22 декабри соли 2022 имзо карда буданд.
Дар созишнома омадааст, "Тошканд ва Остона дар сурати таҳдиди ҳуҷуми мусаллаҳонаи кишвари севум фавран бо ҳамдигар машварат карда, чора хоҳанд андешид". Ин санадро бархеҳо вокуниш ба ҳамлаи низомии Русия ба Украинаи ҳамсояаш арзёбӣ карданд.