Ин сокинони Уралск дар суҳбат бо бахши қазоқии Радиои Озодӣ гуфтанд, ки маъмурони пулис онҳоро аз маҳалли зисти муваққатияшон гирифта, ба шуъба бурданд.
Кормандони пулис ба баъзе тазоҳургарон гуфтаанд, ки барои мулоқот ба шаҳрдорӣ мебаранд ва бархеи дигарро гуфтаанд, ки ба додситонӣ даъват шудаанд. Вале ҳамаи онҳоро ба шуъбаи пулис интиқол додаанд.
Дар хадамоти матбуотии пулиси вилояти Қазоқистони Ғарбӣ ба бахши қазоқии Радиои Озодӣ гуфтанд, "бо сокини норозӣ дар робита ба мушкилашон суҳбат шудааст". Вале нагуфтанд, ки ин "суҳбат чи қадар идома ёфт".
"Барои як нафар 5 корманди пулис омада буд. Ҳатто нагузоштанд, ки бархеашон ба ҳоҷатхона раванд. Ҳамаи касонеро, ки дирӯз бо хабарнигорон суҳбат карданд, бо худ бурданд", - гуфт Алия, яке аз иштирокчиёни ҷамъомад дар назди ҳукумати Уралск.
Ҳудуди 9 сокини Уралск рӯзи 20 май дар назди ҳукумати маҳаллӣ ҷамъ омада, талаб карданд, ки бар ивази манзилҳои зериобмондаашон хонаҳои нав дода шавад.