Ссылки доступа

Додгоҳҳои Узбекистон ҳукми се соҳибнуфузи дигари олами ҷиноиро содир карданд


Додгоҳҳои Узбекистон ҳукми се каси дигарро, ки охирҳои соли гузашта дар доираи амалиёти "40 рӯзи зарбдор" боздошт шуда буданд, содир кардаанд.

Тибқи қарори Додгоҳи Мирободи вилояти Тошканди Узбекистон, ки 30 апрели имсол содир шудааст, бародарон Ҳасану Ҳусейн Собирҷоновҳо дар "авбошии такрорӣ" ва "қаллобӣ бо маслиҳатӣ пешакӣ" гунаҳкор дониста шудаанд.

Ҳасан 4 солу 9 моҳ ва Ҳусейн 4 солу 10 моҳ аз озодӣ маҳрум карда шудааст.

Ҳамчунин Додгоҳи ноҳияи Учтепаи Узбекистон 3 май Марат Урозовро дар "авбошии такрорӣ" гунаҳкор дониста, ба хотири ҷуброни хисорот ба корҳои ислоҳӣ маҳкум кардааст. Як солу 9 моҳу 27 рӯз 25 дарсади моҳонаи ӯ ба буҷаи давлат мегузарад.

Қаблан пулиси Узбекистон хабар дода буд, ки дар доираи амалиёти "40 рӯзи зарбдор" як қатор соҳибнуфузони олами ҷиноӣ, аз ҷумла Бузрук Бузрукови 38-сола, Салим Абдувалиеви 73-сола, маъруф ба "Салимбойбача", Саидазиз Сайдалиев ва Бахтиёр Қудратуллоев, маъруф ба "Бахти Тошкандӣ" боздошт шудаанд.

XS
SM
MD
LG