Ссылки доступа

Путин бо сафари давлатӣ ба Узбекистон меравад


Президенти Русия Владимир Путин бо сафари давлатӣ ба Узбекистон меравад.

Хадамоти матбуотии Кремл хабар дод, ки Владимир Путин 21 май дар суҳбат бо ҳамтои узбекаш Шавкат Мирзиёев сафари худро ба шаҳри Тошканд баррасӣ кардааст.

Дар иттилоияи Кремл санаи сафари давлатии Путин ба Узбекистон гуфта нашудааст.

Хадамоти матбуотии президенти Узбекистон тасдиқ карда, ки Мирзиёев бо ҳамтои русаш телефонӣ суҳбат кардааст. Аммо хадамот зикр накарда, ки ҷонибҳо дар гуфтугӯи телефонӣ сафари давлатии Путинро ба Узбекистон баррасӣ карданд.

Дар иттилоияи Узбекистон танҳо гуфта шудааст, «ҷонибҳо масъалаҳои густариши минбаъдаи ҳамкориҳои бисёрҷанбаи Тошканду Маскав, таҳкими муносибатҳои шарикии ҳамаҷонибаи стратегиву ҳампаймонӣ ва рафти иҷрои созишҳои ҳосилшударо баррасӣ карданд».

XS
SM
MD
LG