Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев 21 май ба сафорати Эрон дар Тошканд рафта, дар робита ба ҳалокати Иброҳим Раисӣ ҳамдардӣ баён кардааст.
Маросими асосии видоъ бо Иброҳим Раисӣ 22 май бо иштироки Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ дар шаҳри Теҳрон баргузор мешавад. Ҷасади Иброҳим Раисӣ шоми панҷшанбе дар зодгоҳаш, шаҳри Машҳад ба хок супурда мешавад.
Нисфирӯзии 19-уми май чархболи Иброҳим Раисӣ, президенти Эрон сарнагун шуд. Сабаби ҳодиса ҳанӯз маълум нест. Мақомоти Эрон соатҳои аввали ҳодиса гуфта буданд, ки чархболи президент дар ҳавои меҳолуд (туман) “нишасти сахт” анҷом додааст.