Ссылки доступа

Идомаи боздошти гумонбарон дар бетартибиҳои Бишкек


Пулиси Қирғизистон гуфт, шахсияти гумонбарони дигари бетартибиҳои шаби 17 май дар шаҳри Бишкек ва ҳамла ба хобгоҳи донишҷӯёни хориҷиро муайян кардааст.

Бино ба фарзияи пулис, шахсони номаълум бо мақсади "паҳн кардани хабари манфӣ ва ташкили бетартибӣ" шаби 17 май ба хобгоҳи донишҷӯёни хориҷӣ ҳамла ва бошандагони онро латтукӯб кардаанд.

Дар робита ба ин ҳодиса ду кас А.Т.-и 21-сола ва Ж.А.-и 25-сола дастгир шудаанд. Пулиси Бишкек афзуда, ки ҷустуҷӯи гумонбарни дигар идома дорад.

Дар ҳамин ҳол пулиси вилояти Чуйи Қирғизистон гуфтааст, шахсонеро боздошт кардааст, ки шаби 17 май ба як сехи дӯзандагӣ, маҳалли кори шаҳрвандони Ҳиндустон, Бангладеш ва Покистон ҳамла карданд.

Дар натиҷаи ҳамла 14 шаҳрванди хориҷӣ осеб дида, се тан дар беморхона бистарӣ шудаанд. Ба иттилои пулис, ба коргоҳи шаҳрвандони хориҷӣ ҷамъан ҳудуди 60-70 кас ҳамла кардааст.

Дар пайи нашри видеои занозании 13 май гурӯҳе аз сокинони Бишкек шаби 17 май алайҳи донишҷӯёни хориҷӣ эътироз карданд ва ба хобгоҳи онҳо ҳамла карданд. Эътирозгарон иддао доштанд, ки донишҷӯёни хориҷӣ шаби 13 май чанд сокини маҳалиро латукӯб кардаанд.

XS
SM
MD
LG