Бар асоси ин тағйирот, додрасҳои Қирғизистон акнун метавонанд, мардонеро, ки ҳангоми содир кардани ҷиноят ба синни 60 расидаанд ва алайҳи дахлнопазирии ҷинсӣ ва озодии ҷинсии кудак ҷиноят содир кардаанд, ҳабси якумрӣ содир кунанд.
Қонунҳои пешин ин ҳақро ба додрасҳо намедоданд.
Сангинтар кардани ҷазо барои таҷовузи ноболиғонро моҳи декабри соли 2023 вакили порлумони Қирғизистон Марлен Маматалиев пешниҳод кард.
Муовини додситони кулли Қирғизистон Умуткан Конкубаева он замон зидди пешниҳод баромада, гуфта буд, ки тағйирот наметавонад садди роҳи ин навъи ҷинояткориҳо шавад.
Мақомоти Қирғизистон бори аввал нест, ки ҷазоро барои содир кардани ҷиноят алайҳи дахлнопазирии ҷинсӣ ва озодии ҷинсии кудак сангинтар мекунанд. Дар ин кишвар ҳукми зиндон барои ин навъи ҷиноят соли 2022 тӯлонитар шуда буд.