Ссылки доступа

Дар вилояти Атирауи Қазоқистон сатҳи об боло меравад

Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Қазоқистон хабар додааст, ки шаби гузашта маҷбур шудаанд, сарбанди муҳофизатиеро дар деҳаи Жалгансайи вилояти Атирау бозсозӣ кунанд.

Ба иттилои вазорат, сатҳи оби рӯдхонаи "Жайик" дар наздикии деҳаи Жалгансай боло рафтааст. Дар натиҷа наҷотдиҳандагон маҷбур шудаанд, сарбанди муҳофизатиро бозсозӣ кунанд.

Сокинони деҳаи Жалгансай ба деҳаи Махамбети ҳамсоягӣ кӯчонида шудаанд. Беҷошудаҳоро дар бинои мактаби деҳа ҷой додаанд. Ҷамъан 154 кас, аз ҷумла 96 кудак ба ҷойи бехафв интиқол дода шудааст.

Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Қазоқистон афзуда, ки дар натиҷаи рахна шудани сарбанди муҳофизатӣ хонае зери об намондааст ва 812 корманди наҷот сарбандро бозсозӣ кардаанд.

Дар ҳоли ҳозир гуруҳи наҷотдиҳандагони 10 минтақаи Қазоқистон, бо шумули сарбозони қисмҳои низомии ин ниҳод дар вилояти Атирау қарор доранд.

XS
SM
MD
LG