Ба огаҳии Раёсати гумруки вилояти Тошканд, ҷавоҳирот аз чархи эҳтиётии автобус пайдо шудааст ва қочоқбарон мехостаанд онро ба Узбекистон ворид кунанд.
Ҳаҷми умумии ҷавоҳироти мусодирашуда 1,7 миллиард сӯм ($133 ҳазор) гуфта мешавад.
Бар асоси қонунгузории Узбекистон, шахсони ҳуқуқӣ ҳақ надоранд ҷавоҳиротро дар ҳаҷми беш аз 65 грамм бидуни пардохти боҷи гумрукӣ ба ин кишвар ворид созанд.