Дар курсии айбдорӣ ду ҷавон Берик Бейбариси 20-сола ва Таскин Толепбергени 19-сола нишастаанд, ки ба "Тамаъҷӯӣ" ва "Куштор" муттаҳам мешаванд.
Додгоҳ гумонбари аввалро 16 сол аз озодӣ маҳрум кард. Гумонбари дувум бар асоси бандҳои "Тамаъҷӯӣ" ва "Куштор" бегуноҳ эълом шуда, вале барои хабар надоданаш дар бораи ҷиноят 3 сол зиндонӣ гашт.
Қаблан додгоҳи зинаи поёнӣ ӯро шартан аз озодӣ маҳрум карда буд, ки норозигии волидони хонандаи кушташуда Аружан Оринбойро ба бор овард.
Ҷасади хонандаи синфи 9-ум Аружан Оринбойро моҳи апрели соли гузашта дар деҳаи Торткули Туркистон пайдо карданд. Тафтишот маълум кард, ки духтарро нахуст ду корд зада, сипас ба дарё партофтаанд. Дар робита ба ин куштор Берик Бейбарис ва Таскин Толепберген дастгир шуданд.