Хабаргузории "Дунё" бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон иттилоъ дода, ки дар бинои оташгирифта ҳудуди 20 шаҳрванди хориҷӣ, аз ҷумла 11 узбекистонӣ зиндагӣ мекардаанд.
Дар натиҷаи сӯхтор 8 кас ҷон бохта, шахсияти онҳо муайян карда мешавад. Дар миёнашон шаҳрвандони Узбекистон низ ҳастанд.
Қаблан Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия хабар дода, ки сӯхтор соатҳои 4-и субҳи 23 май сар задааст.
Кумитаи тафтишотии Русия дар робита ба ин ҳодиса бо банди "Аз беэҳтиётӣ боиси марги зиёда аз ду кас шудан" парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.
Додситонии вилояти Маскав гуфтааст, хонаро як марди 24-сола аз Узбекистон ба иҷора гирифта, ба муҳоҷироне, ки ҳаққи будубоши қонуниро дар Русия надоштаанд, бар ивази маблағ иҷозат медодааст, онҷо зиндагӣ кунанд.
Зидди шаҳрванди Узбекистон бо гумони "Ташкили ғайриқонунии муҳоҷирати корӣ" парванда боз ва худи ӯ ба ҳабси пешакӣ гирифта шудааст.