Ссылки доступа

Боғи ҳайвоноти Алмато сабаби фавти хирси сафедро шарҳ дод


Боғи ҳайвоноти шаҳри Алматои Қазоқистон гуфтааст, Том, хирси сафеди чехӣ дар натиҷаи вараме фавтид, ки давоми чандин сол инкишоф меёфт.

Ба гуфтаи раҳбарияти боғи ҳайвонот, Том қабл аз интиқол ёфтанаш ба Алмато бемор будааст.

Мудири боғи ҳайвоноти Алмато Сеилхон Оқилбеков гуфт, онҳо хирси сафедро 29 марти имсол дар доираи барномаи "European Endangered Species Program" ройгон дарёфт карданд ва он дафтарчаи тиббӣ надошт.

Ба гуфтаи Оқилбеков, мутахассисони боғи ҳайвоноти шаҳри Прага дар номаи худ ба ҳамтоёни қазоқашон гуфтаанд, ки вазни Том давоми моҳир ахир кам шудааст.

Хирси сафеди 16-сола 4 май дар боғи ҳайвоноти шаҳри Алмато фавтид. Мудири боғи ҳайвоноти шаҳри Прага Мирослав Бобек дар саҳифаи расмии худ дар Фейсбук дар ин бора хабар дода, навишт, ки иддаои пеш аз интиқол бемор будани хирс асос надорад. Ӯ гуфт, хирс ҳангоми интиқол ба Қазоқистон комилан сиҳат буд.

Хирси сафед соли 2007 дар шаҳри Брнои Чехия ба дунё омада буд ва бештари умраш, 15 солро дар боғи ҳайвоноти Прага сипарӣ кардааст.

XS
SM
MD
LG