Ссылки доступа

Дар Узбекистон Кумитаи амнияти ҳастаӣ ташкил мешавад


Мақомоти Узбекистон тасмим гирифтаанд, ки дар асоси Нозироти бехатарии кӯҳӣ, геологӣ ва саноатии ин кишвар Кумитаи амнияти саноатӣ, радиатсионӣ ва ҳастаӣ ташкил кунанд.

Хабаргузории «УзА» иттилоъ дода, ки ин кумита дар назди Девони вазирони Узбекистон ташкил шуда, вазифаи он таъмини бехатарии радиатсиониву ҳастаӣ дар иншоот ва технологияҳои атомии ин кишвар, ҳамчунин иҷро ва ҳамоҳангсозии сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи бехатарии саноатӣ дар иншооти истеҳсолӣ аст.

Кумитаи нав дорои Департаменти амнияти радиатсионӣ ва ҳастаӣ хоҳад буд, ки аз буҷаи ҷумҳуриявӣ сармоягузорӣ мешавад.

Ҳамчунин дар кумита Маркази илмӣ-техникии радиатсионӣ ва бехатарии ҳастаӣ ташкил хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG