Ссылки доступа

Рамзан Қодиров ба Узбекистон рафтааст


Ҳайати Чеченистон ба раҳбарии президент Рамзан Қодиров барои иштирок дар ҷаласаи Шӯрои минтақаҳои Русия ва Узбекистон 26 май вориди шаҳри Тошканд шудааст.

Дар ин бора раҳбари Чеченистон дар канали телеграмии худ хабар додааст.

Қодировро дар фурудгоҳи Тошканд шаҳрдори пойтахти Узбекистон Шавкат Умрзақов, домоди хурдии президенти Узбекистон Отабек Умаров пешвоз гирифтаанд.

Рамзан Қодиров худи он рӯз бо сарвазири Узбекистон Абдулло Орифов дидору гуфтугӯ кардааст.

Ҷаласаи Шӯрои минтақаҳои Русия ва Узбекистон бо иштироки раҳбарони ду кишвар Владимир Путин ва Шавкат Мирзиёев баргузор хоҳад шуд.

Қаблан хабар дода шуд, ки президенти Русия Владимир Путин ҳам 26 май бо сафари давлатӣ ба Узбекистон рафтааст. Сафари давлатии Путин дар Узбекистон то 27 май идома мекунад.

XS
SM
MD
LG