Ссылки доступа

Эрон ба Русия навтарин бомби идорашавандаро додааст


Эрон бори нахуст ба Русия барои ҳамла ба Украина навтарин навъи бомбҳои идорашавандаро додааст.

Дар ин бора "Bild" ба таҳлилгари низомии нашрия Ҷулиан Рёпке хабар додааст.

Ба гуфтаи Рёпке, ки видео аз маҳалли суқути бесарнишини эронии "Mohajer-6"-ро дар вилояти Курск дар рӯзи 25 май таҳлил кардааст, ҳавопаймо ҳомили навтарин бомби идорашавандаи "Qaem-5" будааст.

Зоҳиран бесарнишин бояд ба вилояти Сумск ҳамла мекард, вале бо сабабҳои номаълум то ба онҷо нарасидааст.

Бахши русии Би-Би-Сӣ навиштааст, лавозимоти ҷангие, ки дар зери қаноти бесарнишин насб буд, ба бомби идорашавандаи "Qaem-5" монанд аст ва онро ҳавопаймоҳои бесарнишинии сангинвазни "Mohajer-6" ва "Hamaseh" интиқол медиҳанд.

Бомби "Qaem-5" соли 2019 сохта шуда, то 40 километр парвоз хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG