Раҳматов гуфт, 28 май аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Истамбул парвоз кард, вале марзбонон ба ӯ иҷозат надоданд, ки дубора вориди Туркия шавад.
Ба гуфтаи блогер, мақомоти Туркия барои бозпас фиристодани ӯ аз қабл омодагӣ дида буданд, зеро аз миёни 200 мусофир танҳо ному насаби ӯро хонданд.
«Бо вуҷуди дуруст будани ҳуҷҷатҳоям маро бидуни сабаб ба ватан бармегардонанд», - изҳор доштааст Раҳматов дар наворе, ки дар Интернет нашр шуд. Ба гуфтаи ӯ, мақомоти Туркия сабаби роҳ наёфтани вайро ба ин кишвар шарҳ надодаанд.
Раҳматов бунёдгузори канали телеграмии «Узбекон дар Туркия» аст. Ӯро маъмурони пулиси Туркия соли 2021 низ боздошт карда буданд ва вай 35 шабонарӯз дар маркази нигаҳдории шаҳрвандони хориҷӣ қарор дошт. Танҳо баъд аз исботи бегуноҳияш озод шуд.
Қаблан баъзе аз расонаҳо навиштанд, мақомоти Туркия аз оғози моҳи марти имсол бархе аз ҷавонони 20-35-солаи узбекистониро, ки ба Истамбул парвоз мекунанд, ба Тошканд бозпас мефиристанд. Аз аввали имсол чандин шаҳрванди Узбекистон низ бо гумони қочоқи инсон аз Туркия ба ватан ихроҷ карда шудааст.