Кормандони пулиси Алмато нагузоштанд, ки сокинон ба консулгарӣ наздик шаванд. Намояндаи шаҳрдории Алмато ба назди онҳо рафта, гуфтааст, таҷаммуашон ғайриқонунӣ аст ва бояд пароканда шаванд.
Сокинон гуфтаанд, танҳо баъд аз шунида шудани талабҳояшон пароканда мешаванд. Аз консулгарии Чин касе ба назди онҳо набаромадааст.
Яке аз таҷаммуъгарон Гавҳар Курманалиева ба бахши қазоқии Радиои Озодӣ гуфт, аз мақомоти Қазоқистон талаб дорад, ки дар раҳоии бародараш Аскар Озодбек кумак кунанд.
Ба гуфтаи ӯ, бародараш соли 2017 аз Чин ба Қазоқистон рафта, шаҳрвандии он кишварро дарёфт кард, вале баъди чанд моҳ дар марз бо Чин бедарак шуд. Курманалиева мегӯяд, мақомоти Чин бародарашро 22 сол зиндонӣ кардаанд.