Ссылки доступа

Дар Узбекистон ронандаи «КамАЗ» барқасдона мошини «Spark»-ро пахш кардааст


Ронандаи «КамАЗ», ки дар ҳолати мастӣ қарор дошт, дар ноҳияи Зарбдори Узбекистон барқасдона мошини «Spark»-ро пахш карда, ба як фурӯшгоҳ осеб расондааст.

Пулиси Зарбдор хабар дода, ки ҳодиса шаби 28 май рух дода, соҳиби фурӯшгоҳ зидди ронандаи «КамАЗ» шикоят кардааст.

Дар натиҷаи тафтиш маълум шудааст, ки Т. Ш., ронандаи 26-солаи «КамАЗ» дар ҳолати мастӣ бо Х. Р. ва дусташ У. О. дар назди фурӯшгоҳ ҷанҷол мекунад. Х. Р. ронандаи «КамАЗ»-ро латтукӯб кардааст.

Т. Ш. ба ғазаб омада, бо «КамАЗ» мошини «Spark»-ро, ки дар канори фурӯшгоҳ қарор дошт, пахш мекунад ва ба фурӯшгоҳ низ осеб мерасонад.

Дар наворҳои дурбинҳои назоратӣ низ дида мешавад, ронандаи мошини боркаш ҳамчунин кушиш мекунад, одамонеро, ки дар наздикияш қарор доштанд, пахш кунад.

XS
SM
MD
LG