Сухангӯи Додситнии кулли Узбекистон Ҳаёт Шамсуддинов гуфт, ҷасади маҳбус 23 май дар коргоҳе дар ҳудуди зиндон овезон пайдо шудааст. Ба гуфтаи ӯ, ташхис дар бадани маҳбус осори латтукӯб ё марги маҷбуриро ошкор накард.
Наздикони маҳбус мегӯянд, ба худкушии пайванди худ бовар надоранд. Зеро ӯ чанд рӯз пеш аз ҳодиса ба модараш шикоят карда, ки вайро шиканҷа мекунанд.
Ба иттилои созмони ҳомии ҳуқуқи "Эзгулик", модари маҳбус гуфтааст, дар бадани писараш осори шиканҷа мушоҳида шудааст. Ба гуфтаи модар, писараш 11 майи имсол бо онҳо тамос гирифта, шикоят карда буд, ки ӯро шиканҷа мекунанд.
Дар ҳоли ҳозир ҳодисаро додситонии Поп таҳқиқ мекунад.