Ссылки доступа

Раиси сенати Қазоқистон иттиҳоми русбадбинӣ алайҳи Остонаро шарҳ надод


Раиси сенати порлумони Қазоқистон Маулен Ашимбоев суханҳои муовини раиси Думаи давлатии Русия Петр Толстойро, ки ахиран Остонаро ба русбадбинӣ муттаҳам кард, нахост шарҳ диҳад.

Ашимбоев дар посух ба суоли рӯзноманигорон танҳо гуфт, суханҳои Толстой назари шахсии ӯст.

"Ба фикри ман, ин назари шахсии як кас аст ва он наметавонад мавқеи расмии Думаи давлатии Русия бошад", - изҳор дошт Ашимбоев.

Муовини раиси Думаи давлатии Русия дар суҳбат бо радиои "Комсомольская правда" гуфт, агар Маскав мушкил бо Украинаро "ҳал накунад", пас дучори мушкили ҳамсон бо Қазоқистон, Арманистон ва кишварҳои дигаре хоҳад шуд, ки Русияро иҳота кардаанд.

"Бубинед, имрӯз дар Қазоқистон чи мегузарад. Дар онҷо нақшаи барқарорсозии кадом як давлати қазоқӣ, дар бораи истиқлолият ва гузаштан ба алифбои лотинӣ афсонаи миллие рушд мекунад", - изҳор дошт ӯ.

XS
SM
MD
LG