Дар ин бора Раёсати тандурустии вилояти Павлодари Қазоқистон хабар додааст. Ба иттилои манбаъ, бемор дар шуъбаи эҳёгарӣ дар ҳолати вазнин қарор дошт ва 80-85 дарсади бадани ӯ сӯхта буд.
Осебдидаи дувум, зани 39-сола аз бемористон рухсат шудааст.
Сӯхтор дар корхонаи Оқсӯ 24 май рух дод ва дар натиҷаи он ду корманд осеб дид. Мақомот сӯхторро ҳамчун ҳодисаи нохуш таҳқиқ мекунанд.
Солҳои 2020 ва 2021 низ дар ин корхона сӯхтор сар зада буд.