Ссылки доступа

Дар ҷануби Узбекистон бозмондаҳои як шаҳри қадимиро пайдо карданд (видео)


Бостоншиносони Узбекистон ва Чин дар вилояти Сурхандарёи ин кишвар бозмондаҳои шаҳреро пайдо кардаанд, ки 2 ҳазор сол пеш вуҷуд доштааст.

Хадамоти матбуотии вилояти Сурхандарёи Узбекитсон иттилоъ дода, ки бозмондаҳои шаҳри қадимӣ дар ҳудуди ноҳияи Узуни вилоят пайдо шудааст.

Ҳамчунин ҳангоми ҳафриёт зарфҳои сафолӣ, аслиҳа, ҷавоҳирот, муҷассамаҳои хурд, боқимондаҳои манораҳои шаҳр ва дафнҳои қадимӣ пайдо шудаанд.

Донишмандони узбекистонӣ тахмин задаанд, ки бозёфтҳо ба давраи Йӯҷиҳо (сакоиҳо) ва Кушониён рост омада, ба асри 2 пеш аз милод тааллуқ доранд.

XS
SM
MD
LG