Ссылки доступа

Аз Узбекистон хостанд, ҷавобгарии ҷиноиро барои таҳқири президент бекор кунад


Президент Шавкат Мирзиёев
Президент Шавкат Мирзиёев

Созмони байналмилалии ҳомии ҳуқуқи «Human Rights Watch» аз ҳукумати Узбекистон даъват кардааст, ки ҷавобгарии ҷиноӣ барои «таҳқири президент дар Интернет»-ро бекор ва ҳамаи маҳбусонеро, ки бо ин ҷурм паси панҷара рафтаанд, озод кунад.

Дар изҳороти созмон аз 30 май гуфта мешавад, дар Узбекистон шумори онҳое, ки барои «таҳқири президент дар Интернет» зиндонӣ шудаанд, меафзояд.

Тибқи маълумоти созмон, қонунгузории Узбекистон барои онҳое, ки ба «Таҳқири оммавӣ ё туҳмати президенти Ҷумҳурии Узбекистон бо истифода аз матбуот ё воситаҳои дигари ахбори ом, шабакаҳои иртиботӣ ё интернет» айбдор дониста мешаванд, то 3 сол корҳои ислоҳӣ ё аз 2 то 5 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ, иттиҳоме, ки 5 соли зиндонро пешбинӣ мекунад, нақзи ҳуқуқи инсон ба ҳисоб меравад. «Мардум дар Узбекистон бояд имкон дошта бошанд, ки президент ва мансабдорони дигарро ошкоро танқид кунанд», - омадааст дар изҳорот.

Созмон соли гузашта дар бораи 5 шаҳрванди Узбекистон, ки бо ҷурми таҳқир ё туҳмати президент аз озодӣ маҳрум шудаанд, хабар дода буд.

XS
SM
MD
LG