Ссылки доступа

Парвози ҳавопаймоҳои Қазоқистонро ба Аврупо дубора иҷозат доданд


Ҳамаи маҳдудиятҳои марбут ба парвози ҳавопаймоҳои ширкатҳои Қазоқистон ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупо бекор шудаанд.

Расонаҳои Қазоқистон имрӯз иттилоъ доданд, ки маҳдудиятҳоро Кумитаи амнияти парвозҳои Комиссияи Аврупо, ки мақомоти авиатсияи 27 кишвар ба он шомил мешаванд, бекор кардааст.

Коршиносони Иттиҳоди Аврупо гуфтаанд, дар бахши авиатсияи Қазоқистон беҳбудиҳои назаррасро мешавад мушоҳида кард.

Ширкатҳои ҳавопаймоии Қирғизистон бо вуҷуди ҷараён доштани гуфтугӯҳо ҳанӯз ҳам дар "рӯйхати сиёҳ"-и комиссия қарор доранд.

XS
SM
MD
LG