Ба иттилои хадамоти матбуотии дума, Шӯрои Ассамблеяи порлумонии СПАД 3 июн дар Алмато ҷаласа баргузор мекунад.
Иштирокдорони ҷаласа масъалаҳои “ҳамоҳангсозии қонунгузорӣ ва чораҳои мубориза бо чолишҳо ва таҳдидҳо ба амнияти дастаҷамъӣ”-ро баррасӣ мекунанд. Дар ҳошияи ҷаласа мулоқотҳои дуҷонибаи раиси Думаи давлатӣ низ дар назар аст.
Володин моҳи феврали соли 2022, баъди эътирофи "истиқлол"-и минтақаҳои ҷудоиталаби Украина аз сӯи Кремл ба кишварҳое, ки аз тасмими Маскав ҷонибдорӣ накарда буданд, ҳушдор дод, ки кушиш накунад худро барои ҳама "хуб" нишон диҳанд, зеро ин мавқеъ "паёмади нохуб дорад".