Ба иттилои хадамоти матбуотии девон, Байсалов дар ин бора дар мулоқот бо дабири кулли Созмони байналмилалии меҳнат Жилбер Унгбо хабар додааст.
Ба гуфтаи Байсалов, мақомоти Қирғизистон барои ин гуруҳи шаҳрвандони худ дар дохил ҷойҳои корӣ ташкил кардаанд.
"Қирғизистон имрӯз ба як макони ҷолиб барои муҳоҷирони кории байналмилалӣ табдил ёфтааст", - афзудааст ӯ.
Қаблан Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон низ хабар дода буд, ки шумори муҳоҷирони кории ин кишвар дар хориҷ камтар шудааст. Ба иттилои вазорат, теъдоди қирғизистониҳое, ки дар семоҳаи аввали соли равон дар хориҷ буданд, 655,5 ҳазор касро ташкил додааст. Дар ҳоле ки теъдоди онҳо дар соли 2022 наздик ба 837 ҳазор буд.