Ссылки доступа

Зидди келини пешини Назарбоев парвандаи нав боз шуд


Додгоҳе дар Алмато 3 июн баррасии парвандаи нав алайҳи Гулмира Сатибалдӣ, собиқ ҳамсари зиндонии Кайрат Сатибалдиро оғоз кардааст.

Кайрат Сатибалдӣ хоҳарзодаи президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев

Гулмира Сатибалдӣ дар доираи ин парванда ба тамаъҷӯӣ дар ҳаҷми махсусан калон, худсарӣ ва ғайриқонунӣ маҳрум кардан аз озодӣ муттаҳам мешавад. Дар курсии айбдорӣ Мадӣ Ботиршоев, ронандаи Сатибалдӣ ҳам нишастааст.

Бино ба хабари расонаҳои Қазоқистон, зидди Гулмира Сатибалдӣ домоди собиқаш Абай Жунусов шикоят кардааст.

Додгоҳи шаҳри Остона моҳи майи соли гузашта Гулмира Сатибалдиро бо ҷурми "ғасби тиҷорат" ва "одамрабоӣ" 7 сол аз озодӣ маҳрум карда буд. Ӯ ҳамчунин аз мукофоти давлатии "Курмет" маҳрум шуда, вазифадор гашт, ки ба ҷабрдида, соҳибкор Турсен Алагузова беш аз $15 миллион ҷуброн пардозад.

Тибқи иттилои муфаттишон, Сатибалдӣ гӯиё Алагузоваро маҷбур кардааст, ки аз 43 дарсади саҳмияҳои ширкати худ -- "Galanz bottlers" даст кашад. Муфаттишон гуфтаанд, Сатибалдӣ ба Алагузова фишори равонӣ ва моддӣ овардааст.

Сатибалдӣ низ ба он айбдор дониста шуда, ки Ойгул Мекешеваро рабуда, маҷбур сохтааст, ки аз ширкати "Maxi Bottlers" даст кашида, онро ба номи ӯ гузаронад.

Ҳамроҳи Сатибалдӣ ду зердасташ Мади Батиршаев ва Рашид Утебеков бо ҷурми одамрабоӣ ва ғасби тиҷорат 7 ва 5 сол зиндонӣ шудаанд. Худи Сатибалдӣ ҳамаи иттиҳомро дар додгоҳ рад карда, парвандаи худро "сиёсӣ" номид.

XS
SM
MD
LG