- Ширкати чинӣ бо ҳамкори тоҷикаш даъво кардааст. Як ширкати чинӣ дар Тоҷикистон даъво дорад, ки ширкати тоҷикии "Нахш" садҳо ҳазор долларашро гирифта пас намедиҳад. Ин ширкати чинӣ ба коркарди тилло машғул будааст. (видео)
- Ҳосили зиёд нархи пиёзро поин бурдааст. Ҳосили зиёд нархи пиёзро дар бозорҳои Тоҷикистон поин овардааст. Аз ин арзонӣ деҳқонон чандон хушҳол нестанд. Чаро? (видео)
- Чаро деҳқонони тоҷик дигар кишт намекунанд? Тақрибан 70 дарсади аҳолии Тоҷикистон дар деҳот зиндагӣ мекунад ва дар баробари муҳоҷирати меҳнатӣ, кишоварзӣ як манбаи дигари даромади онҳо ба ҳисоб меравад. Аммо солҳои ахир бахше аз деҳқонон аз кишоварзӣ ба дилсард шудаанд. (видео)
- Дар Конибодом чӣ мегузарад? Қатли шаш узви ду оила. Мақомоти баландпояи интизомии Тоҷикистон ба таҳқиқи ҳодисае пардохтаанд, ки дар шимоли кишвар сарусадои зиёде барпо кардааст. Дар шаҳри Конибодом дар се моҳи охир чанд узви се оиларо куштанд ва то кунун мақомот дар бораи ангезаҳои куштор ва ё муттаҳам ба қатлҳои шубҳабарангез чизе нагуфтаанд. (видео)
- Талаби санади нав аз муҳоҷирони тоҷик дар Русия. Гурӯҳе аз муҳоҷирони тоҷик дар Маскав ба Радиои Озодӣ хабар доданд, ки барои сабти ном дар Хадамоти муҳоҷират аз онҳо дархосту тазмини корфармо талаб шудааст. Беш аз 60 муҳоҷири тоҷик, ки дар хобгоҳе дар Маскав зиндагӣ доштанд, гуфтанд, бори аввал аст, ки ба чунин мушкил дучор мешаванд. (видео)
- Ахбори Озодӣ аз 31-уми майи соли 2024. Парвандаи ҷиноии навраси кордкаш дар Ёвон; "Занги охирин"-и беранг дар Тоҷикистон; Доналд Трамп гуноҳ доштааст; такси гарон шуд, зеро муҳоҷиронро аз ин кор маҳрум карданд ва кори замимаи "Чӣ гап" барқарор хоҳад шуд. (видео)
- Трампро гунаҳкор карданд. Худаш гуфт, "марди бегуноҳам". Ҳайати ҳакамони додгоҳи Ню-Йорк 30-юми май Доналд Трампро ба сохтакории санадҳо барои пинҳон кардани пули ҳаққи сукут ба ситораи филмҳои порнографӣ, Сторми Даниелс, муҷрим эълон кард. "Ин як шармандагӣ аст," – гуфт Доналд Трамп дар ҷавоб ба қарори додгоҳ ва афзуд, "ман як марди бисёр бегуноҳам." (видео)
- Чаро нархи таксӣ дар Русия гарон мешавад? Вакилони мардумӣ дар Русия бори дигар манъи кори муҳоҷиронро дар бахши мусофиркашонӣ матраҳ карданд. Масъулони хадамоти таксӣ мегӯянд, чунин иқдом нархи роҳкироро баланд кард. (видео)
- "Сел хонаву киштзорҳоро нобуд кард. Додамонро ба кӣ гӯем?" Ҳукумати Толибон дар Афғонистон гуфтааст, ки танҳо дар моҳи май селу обхезӣ дар ин кишвар бештар аз 400 нафарро куштааст. Танҳо дар вилояти Бадахшон 10 узви як оила ҷон додаанд ва ҳеч касе аз хонавода зинда намондааст. Дар ин миён бештар аз ҳама вилояти Бағлон осеб дидааст. (видео)
- Муҳоҷирони "депортшуда" чӣ ҳол доранд? Ҳамла ба "Крокус Сити Ҳолл"-и Маскав сабаб шуд, ки мақомоти Русия садҳо муҳоҷири тоҷикро ба ин кишвар роҳ надиҳанд ва ё аз қаламрави худ “депорт” кунанд. Аксар муҳоҷироне, ки ба Тоҷикистон баргаштаанд, бекоранд ва намедонанд зиндагии хонаводаро чӣ гуна таъмин кунанд. (видео)
- Кай дар Тоҷикистон иқтисоди сабз дастболо хоҳад шуд? Коршиносон исрор меварзанд, ки ба ин зудиҳо Тоҷикистон наметавонад аз истифодаи ангишт даст кашад. (видео)
- Манъи вуруд ва ихроҷи муҳоҷирон аз Русия ду баробар бештар шудааст. (видео)
- Хонаҳои фурӯрехта ва мардуми саргардон. Оқибати сел дар Сурхоб (видео)
- Русия мехоҳад муҳоҷирони тоҷикро қабл аз сафарашон дар Тоҷикистон тафтиш кунад. (видео)