Ссылки доступа

Блогери узбекистонӣ Мурод Мақсудов 7,5 сол зиндонӣ шуд


Додгоҳи ноҳияи Янгиободи шаҳри Тошканд 4 июн блогери узбекистонӣ Мурод Мақсудовро 7,5 сол аз озодӣ маҳрум кардааст.

Тибқи иттилои хадамоти матбуотии додгоҳ, Мақсудови 42-соларо, ки қаблан суд шудааст, бар асоси бандҳои «Туҳмат», «Тамаъҷӯӣ дар ҳаҷми калон» ва «Азхудкунӣ» айбдор донистаанд.

Додрас вайро бар асоси банди «Қаллобии гуруҳӣ дар ҳаҷми махсусан калон» сафед кардааст.

Раҳбари созмони ҳомии ҳуқуқи «Эзгулик» Абдураҳмон Ташанов хабар дод, ки парвандаи Мақсудов пушти дарҳои баста баррасӣ шуд.

Мурод Мақсудов моҳи октябри соли гузашта дастгир шуда буд. Он замон гуфта мешуд, ки боздошти ӯ ба қарзи бонкияш рабт дорад. Вале рӯзноманигор доштани мушкил бо бонкро рад мекард.

Мақсудов дар гузашта дар ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи Узбекистон кор карда, ҳомии ҳуқуқи созмони "Эзгулик" буд. Вай дар рафти фаъолияти блогерияш эҳтимоли даст доштани бархе аз ҳамкорони собиқашро дар ҷинояткориҳо бозтоб мекард.

XS
SM
MD
LG