Ссылки доступа

Қирғизистон як соҳибкори қазоқистониро таҳти пайгард қарор дод


Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон соҳибкори қазоқистонӣ Владимир Ҷуманбоевро таҳти пайгарди қонунӣ қарор додааст.

Ин ниҳод гуфтааст, дар натиҷаи тафтиши ҳолатҳои пулшӯӣ сармоягузорӣ шудани гуруҳи соҳибнуфузи кушташудаи олами ҷиноии Қирғизистон Қамчӣ Колбоевро аз сӯи соҳибкори қазоқистонӣ ошкор кардааст.

Ба иттилои кумита, соҳибкори қазоқистонӣ бо мақсади дарёфти пуштибонӣ дар ҳудуди Қирғизистон ва иҷрои тарҳои муштараки тиҷорӣ бо Колбоев робита барқарор кардааст.

Бино ба фарзияи тафтишот, кормандони корхонаи истихроҷи тилои "Вертекс Голд" бо дастури Владимир Ҷуманбоев ба Колбоев ҳар моҳ як миллион сом медодаанд.

Соҳибнуфузи ҷиноӣ Қамчӣ Колбоев рӯзи 4 октябри соли 2023 дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон кушта шуд. Баъди он мақомоти Қирғизистон гуфтанд, даҳҳо узви гуруҳи муташаккили ҷиноии Колбоевро боздошт ва ҳабс карданд. Мақомот онҳоро дар сармоягузории олами ҷиноӣ айбдор мекунанд.

XS
SM
MD
LG