Ссылки доступа

Дар Қирғизистон муҳлати қонунигардонии дороиҳоро дароз карданд


Вакилони порлумони Қирғизистон 6 июн лоиҳаи қонуни пешниҳодии Вазорати иқтисод ва савдои ин кишварро, ки дароз кардани муҳлати қонунигардонии ихтиёрии дороиҳоро пешбинӣ мекунад, қабул карданд.

Тибқи лоиҳаи қонун, муҳлати қонунигардонии дороиҳо дар Қирғизистон то 31 декабри имсол дароз хоҳад шуд. Қаблан ин муҳлат бояд 9 июни соли равон ба поён мерасид.

Қонун "Дар бораи қонунигардонии ихтиёрӣ ва афви дороиҳои шахсони воқеӣ" ба шаҳрвандони Қирғизистон имкон медиҳад, дороиҳо (молу мулки манқул ва ғайриманқул, пули нақд)-еро, ки то 1 декабри соли 2023 ба даст овардаанд, қонунӣ гардонанд.

Ҳадафи қонун “ҷалб кардани амвол ва даромади афроди воқеӣ ба муомилоти қонунии иқтисодӣ" гуфта мешавад.

Ҳамчунин шаҳрвандоне, ки дороиҳои худро қонунӣ мегардонанд, аз ҷавобгарии ҷиноӣ бо кафолати давлатӣ озод хоҳанд шуд.

Қаблан президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов сокинони ин кишварро даъват кард, ки аз ин қонун истифода кунанд. Ӯ бо истифода аз он дороиҳояшро ба маблағи 20 миллион доллар қонунӣ кардааст.

XS
SM
MD
LG