Иляшев 6 июн дар нишасти Бюрои ҳуқуқи инсони Қазоқистон изҳор дошт, ки дар Вазорати корҳои хориҷии ин кишвар ба ӯ гуфтаанд, ки гуруҳи "Толибон" дар ҳоли ҳозир амалан ҳукумати Афғонистонро намояндагӣ мекунад ва ҳамкорӣ кардан бо Кобул бидуни "Толибон" номумкин аст.
Ҳамчунин ба гуфтаи масъулони вазорат, дар ҳоли ҳозир "таҳдидҳои мустақим" ба Қазоқистон аз сӯи "Толибон" вуҷуд надорад.
Иляшев афзуд, чанд моҳ талош кардааст, ки қарори аз "рӯйхати сиёҳ" баровардани номи "Толибон"-ро дастрас ва матни онро расонаӣ кунад, вале муваффақ нашудааст. Зеро дархостҳои ӯ барои дарёфти матни қарор бо баҳонаи муҳри махфи доштани он рад шудаанд.
Қосимҷомарт Тоқаев, раисҷумҳури Қазоқистон 3 июн гуфт, номи гурӯҳи “Толибон”-ро аз рӯйхати созмонҳои террористӣ берун кардааст. Ӯ далели тасмимро рушди ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва иқтисодӣ бо Афғонистон дар даврони “Толибон” номидааст.
Додгоҳи олии Қазоқистон 15-уми марти соли 2005 гурӯҳи “Толибон” созмони террористӣ эътироф ва ҳамкориро бо он мамнуъ кард.
Пештар мақомоти Русия гуфта буданд, ки масъалаи хориҷ кардани “Толибон”-ро аз феҳристи гурӯҳҳои террористии ин кишвар баррасӣ мекунанд.
Додгоҳи олии Тоҷикистон дар охири моҳи май рӯйхати 29 созмони мамнуъ ва террористиву ифротгароро дар кишвар барӯз кард, ки “Толибон” яке аз онҳост.