Додгоҳ ҳамаи чаҳор гумонбарро айбдор донист, вале ҷазои сабуктар аз оне таъйин кард, ки айбдоркунандаи давлатӣ талаб карда буд.
Сармуҳандиси хадамоти техникии шахта Петр Лӣ 5 сол, иҷрокунандаи вазифаи сардори шуъбаи ҳавокашӣ ва бехатарӣ Дмитрий Абловаз 4 сол, иҷрокунандаи вазифаи муовини сардори хадамоти пешгӯии минтақаҳои хатарнок Талгат Баякенов ва мудири хадамоти истеҳсолӣ Андрей Завялов 4,5-солӣ аз озодӣ маҳрум шуданд.
Додситон хоста буд, Лӣ 7 сол ва боқӣ 6-солӣ зиндонӣ шаванд. Талаби ҷуброн ба хонаводаҳои қурбониён қонеъ нашуд.
Шаби 3 октябри соли 2020 дар кони ба номи Ленини "АрселорМиттал Темиртау" ҳангоми парма кардани чоҳҳо газ хориҷ ва боиси марги 5 коргар шуд. Чаҳор нафари дигар аз газ заҳролуд шуда, дар бемористон бистарӣ гаштанд.
Комиссияи давлатӣ ба хулосае омадааст, ки таркиш дар кон ҳангоми пармакунии чоҳҳои газ рух додааст. Дастгоҳҳое, ки бояд миқдори газро дар шахта муайян мекарданд, ба меъёрҳо ҷавобгӯ нестанд.