Ссылки доступа

Қирғизистон, Узбекистон ва Чин созишномаи бунёди роҳи оҳанро имзо карданд


Дар робита ба сохтмони роҳи оҳани "Чин-Қирғизистон-Узбекистон" 6 июн дар шаҳри Пекин миёни ҳукуматҳои се кишвар созишномае ба имзо расидааст.

Дар Девони вазирони Қирғизистон гуфтанд, ки созишномаро аз ҷониби ин кишвар вазири нақлиёт Тилек Текебоев имзо кардааст.

Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов дар як паёми видеоӣ имзои созишномаро "ҳодисаи таърихӣ" номида, гуфтааст, роҳи оҳани мазкур Чинро бо кишварҳои Осиёи Марказӣ пайваст карда, масири нави ҳамлу нақлро то ба кишварҳои Аврупо ва Халиҷи Форс боз мекунад.

Қаблан Ҷабборов гуфта буд, ки сохтмони ин роҳи оҳан моҳи октябри соли ҷорӣ шуруъ мешавад.

Аз рӯи нақша, роҳи оҳан дар ҳудуди Қирғизистон 311 км тӯл дошта, аз масири "Торугарт - Кош-Добо - Казарман - Ҷалолобод" мегузарад ва сохтмонаш тақрибан 4,7 млрд доллар харҷ хоҳад дошт.

Искандар Шаршеев, иқтисоддон ва таҳлилгар дар мусоҳиба бо расонаҳо гуфт, роҳи оҳан ба Қирғизистон фоидаҳои иқтисодии зиёд меорад. Барои мисол, робитаҳои нақлиётии Қирғизистонро бо кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ ва Ҷанубу Шарқи Осиё, инчунин Аврупо тақвият мебахшад. Ба илова, тарҳи мазкур ҷойҳои нави корӣ муҳайё мекунад.

Бо ин вуҷуд таҳлилгар мегӯяд, бе кумаки сармоягузорони бузурги ҷаҳониву минтақаӣ, инчунин ёрии ниҳодҳои молии байналхалқӣ Қирғизистон аз уҳдаи сармоягузории сохтмони ин роҳ намебарояд.

XS
SM
MD
LG