Раёсати ҳолатҳои фавқулодаи Оқтеппа иттилоъ дода, ки ҷасадро 500-600 метр дуртар аз маҳалли гум шудани кудак пайдо карданд.
Карим Жетиру, ки гирифтори аутизм буд, шоми 4 июн аз хонаи модарбузургаш баромада, ба соҳили рӯдхонаи Илек рафтааст. Ба гуфтаи наздикони кудак, ӯ ҳарф намезад ва аз обу оташ ва торикӣ ҳам наметарсид.
Ба ҷустуҷӯи кудак беш аз 500 кас, аз ҷумла низомиён ва маъмурони пулис сафарбар шуда буданд.