Ба гуфтаи тазоҳургарон, онҳо на зидди истифодаи ДХН, балки зидди истифодаи варақаи электронии интиқол ва ҳисобномаҳои электронӣ ҳастанд. Зеро соҳибкорон маҷбур ҳастанд, ки барои ин ду муҳосиб бигиранд, ки харҷи зиёдатиро дар пай дорад.
Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов 6 июн дар мулоқот бо соҳибкорони кишвараш ба аҳамияти истифодаи ДХН, варақаи электронии интиқол ва ҳисобномаи электронӣ таъкид кард. Ӯ гуфт, рақамисозии раванди пардохти андоз ба коҳиши иқтисоди соягӣ, тақвияти боварӣ миёни давлат ва мардум мусоидат мекунад.
Порлумони Қирғизистон 22 декабри соли 2022 лоиҳаи Кодекси нави андози ин кишварро ба тасвиб расонда буд, ки роҳандозии дастгоҳҳои назоратии кассавиро дар марказҳои савдо пешбинӣ мекунад. Вале Хадамоти давлатии андози Қирғизистон 29 ноябри соли гузашта дар пайи эътирози тоҷирон гуфт, соҳибкорони бозорҳои "Дордой"-и Бишкек ва "Қарасуу"-и вилояти Ӯш ба далели иншооти стратегӣ будани ин ду ДХН истифода нахоҳанд кард.