Ссылки доступа

Қазоқистон пешниҳоди манъи таблиғи ҳамҷинсгароиро баррасӣ мекунад


Вазорати иттилоот ва фарҳанги Қазоқистон 9 июн гуфт, пешниҳоди манъи таблиғи ҳамҷинсгароӣ дар ин кишвар теъдоди лозимии имзоҳоро барои расман баррасӣ шудани он ба даст овардааст.

"Вазорат фаъолияти гуруҳи кориро бо шумули намояндагони ҷонибҳои манфиатдор, ниҳодҳои дахлдор ва созмонҳои ҷамъиятӣ ташкил мекунад. Раванди баррасии пешниҳод дар асоси қонунгузории кишвар сурат мегирад", - омадааст дар иттилоияи вазорат.

Аз муаллифи пешниҳод Багила Балтабаева, намояндаи созмони ҷамъиятии "Иттиҳоди волидони Қазоқистон" ном бурда мешавад. Ӯ даъват дорад, ки кудакону наврасон аз таблиғи "муносибатҳои ҷинсии ғайрианъанавӣ" ҳифз карда шаванд.

Вакилони порлумони Қазоқистон имсол пешниҳод карда буданд, ки ҷазо барои таблиғи "муносибатҳои ҷинсии ғайрианъанавӣ" сахттар карда шавад. Коршиносон ин пешниҳодро ҳамчун кушиши нусхабардории қонунҳои Русия номиданд.

XS
SM
MD
LG