Ссылки доступа

Дар Узбекистон бори нахуст "Шарқ-антитеррор - 2024" баргузор мешавад


Низомиёни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ва Созмони ҳамкориҳои Шангхай (СҲШ) омодагиҳоро ба размоиши "Шарқ-антитеррор-2024", ки дар Узбекистон баргузор мешавад, баррасӣ карданд.

Хабаргузории ТАСС бо истинод ба хадамоти матбуотии Маркази зиддитеррористии ИДМ иттилоъ додааст, ки ингуна размоиш бори нахуст дар Узбекистон баргузор мешавад.

Низомиёни ИДМ ва СҲШ дар ҷараёни размоиш мубориза бо террористони шартиро дар размоишгоҳҳои Узбекистон тамрин мекунанд.

Илова бар ин, баргузории конфронси Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ ва конфронси ИДМ дар соли 2024 дар назар аст.

XS
SM
MD
LG