"Ман ҳамчун мудири кулли Телеграм ба рухсатӣ намеравам. Ба ҷои рухсатӣ корро идома дода, бо корбарон аз минтақаҳои ғайриодӣ мулоқот мекунам. Ин тобистон мехоҳам ба Осиёи Марказӣ биравам, то бо ҳаёт ва зиндагии мардуми онҷо шинос шавам ва чи гуна истифода шудани Телеграм аз сӯи онҳоро омӯзам", - навиштааст бунёдгузори Телеграм дар канали худ.
Павел Дуров дақиқ нагуфтааст, ки ба кадом кишварҳои Осиёи Марказӣ сафар мекунад.
Дуров шаҳрвандии Русия, АМА, Фаронса, Сент-Китс ва Невисро дорад ва ҳоло дар шаҳри Дубай зиндагӣ мекунад. Дар раддабандии маҷаллаи "Forbes" бо 15,5 миллиард доллар дороии худ дар мақомои 122-ум аст.