Ссылки доступа

Оғози баррасии парвандаи 29 узви гуруҳҳои ҷиноӣ дар Тошканд


Додгоҳи ноҳияи Юнусободи шаҳри Тошканд 11 июн баррасии парвандаи Саидазиз Саидалиев, маъруф ба "Саидазизи медгород"-ро оғоз мекунад.

Дар хадамоти матбуотии Додгоҳи олии Узбекистон гуфтанд, Саидалиев ва чанд сокини дигар дар ҷараёни амалиёти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тошканд дар моҳи декабри соли гузашта бо гумони тамаъҷӯӣ дастгир шудаанд.

Тахмин меравад, онҳо бо роҳи тамаъҷӯӣ ва "ҳал" кардани мушкили афроди қарздор фоида ба даст меовардаанд.

Дар доираи ин парванда 29 кас дар курсии айбдорӣ нишастаанд. 28 гумонбар ба ҳабси пешакӣ маҳкум ва як нафар дар озодӣ қарор дорад.

XS
SM
MD
LG