Ссылки доступа

Садди як обанбори Узбекистон рахна шудааст


Садди обанбори Ҳисорак дар ноҳияи Шаҳрисабзи Узбекистон шаби 10 июн рахна шудааст.

Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Узбекистон хабар дод, ки дар ҳоли ҳозир ҳудуди 50 техникаи вазнин ва беш аз 160 корманд дар маҳалли ҳодиса қарор дорад.

Раҳбарияти ширкати “Узбекгидроэнерго”, раиси вилояти Қашқадарё, сардорони идораҳои маҳаллии пулис ва ҳолатҳои фавқулода низ дар ҷойи ҳодиса ҳастанд.

“Вазъ таҳти назорат аст ва дар натиҷаи рахнашавӣ касе осеб надидааст”, - омадааст дар иттилоияи вазорат.

Қаблан каналҳои узбекӣ дар паёмакрасони Телеграм видеоҳоеро нашр карданд, ки нишон медиҳанд, сокинони минтақаҳои наздик ба обанбор хонаҳои худро тарк мекунанд.

XS
SM
MD
LG