Дар додгоҳ рӯзи 10 июн гуфтаанд, ки барои баррасии шикояти фаъоли зиндонӣ асосеро намебинанд.
Мурофиа пушти дарҳои баста баргузор шуда, ба хабарнигорон иҷозат надоданд, ки ба толор ворид шаванд. Сабаби пушти дарҳои баста баргузор шудани он гуфта нашуд.
Тимур Данебоев - сокини шаҳри Остона ва фаъоли шаҳрвандӣ баъди он маъруф гардид, ки талош дошт, президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаевро барои изҳороташ дар бораи "20 ҳазор террорист" дар ҳодисаҳои январии соли 2022 ба додгоҳ кашад.
Додгоҳ моҳи июни соли гузашта Данебоевро бо айби барангехтани адоват 3 сол зиндонӣ кард. Ӯро барои ҳарфҳояш дар мавриди танқиди ҳукумат, ҳамлаи Русия ба Украина ва воридшавии неруҳои СПАД ба Қазоқистон дар моҳи январи соил 2022 ба додгоҳ кашиданд.
Тимур Данебоев шомили рӯйхати "зиндониёни сиёсӣ" шудааст. Ин рӯйхатро ҳомили ҳуқуқи қазоқистонӣ тартиб медиҳанд.