Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Узбекистон Сураё Раҳмонова гуфт, шаҳрванд С. Н. дар "Қасдан расонидани зарари вазнини ҷисмонӣ бо бераҳмии шадид" гунаҳкор дониста шудааст.
Қаблан, моҳи январи имсол ваколатдор хабар дода буд, ки дар робита ба шиканҷа шудани як кудак аз сӯи модараш далели видеоӣ дарёфт кардааст. С. Н. фарзанди 6-солаашро дар гаҳвора баста, бо чӯб ва ашёи дигар мезадааст.
Дар аввал зидди зан бо гумони "Шиканҷаи ноболиғ дар ҳолате, ки нотавонии ӯ ба ҷинояткор маълум аст" парванда боз шуда буд, вале дар рафти тафтишот банди парвандаи ӯ ба "Қасдан расонидани зарари вазнини ҷисмонӣ бо бераҳмии шадид" иваз карда шудааст.